ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ягон гуруҳи корӣ барои таҳияи қонуни афв, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъсис дода нашудааст, изҳор дошт Шермуҳаммади Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Ӯ хотиррасон намуд, ки пешниҳоди қонуни афв ба парлумон ҳуқуқи танҳо президенти Тоҷикистон мебошад. Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, дар ин бора ягон санади расмӣ мавриди таҳия қарор надорад.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон низ ахиран аз таҳияи қонуни афв ба муносибати 30-солагии Истиқлоли ҷумҳурӣ изҳори бехабарӣ кард.
“Мувофиқи Конститутсия афв аз ҳуқуқҳои истисноии президенти Тоҷикистон аст, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Агар чунин лоиҳаи қонун ба ифтихори 30-солагии Исиқлоли Тоҷикистон омода шавад, хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло дар ин бора барои Вазорати адлия чизе маълум нест”, - таъкид кард Ашӯриён зимни нишасти матбуотӣ.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз омодагиҳо ба қабули қонуни ҷадиди афв дар Тоҷикистон хабарҳо нашр мегарданд, ки гӯиё ҳудуди 25 ҳазор нафарро фаро мегирад.
Бархе аз мақомдорони тоҷик пешакӣ эълон нашудани қарорҳои марбут ба афвро ба он рабт дода буданд, ки дар бисёри ҳолатҳо бархе аз афрод бо сӯиистифода аз қонуни афв худашон даст ба ҷинояткорӣ мезаданд.
Бори охир қонуни афв соли 2019 қабул гардид, ки ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро гирифт.
Чанд соли қабл дар Тоҷикистон инчунин Комиссияи оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди президент фаъол шуд, ки роҳбарии онро сарвазир Қоҳир Расулзода ба уҳда дошта, ба ҳайати он додраси олӣ, додситони кул, вазирони адлия, умури дохилию хориҷӣ, роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раиси Агентии зидди фасод шомил мебошанд.
Комиссияи мазкур таъминоти иттилоотӣ ва таҳлилии фаъолияти Президентро дар масъалаҳои бахшиши ҷазо ба уҳда дошта, қарори ниҳоиро худи раисиҷумҳур қабул мекунад.