ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки ҷавонон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ ба маршировкаҳо ҷалб мешаванд ва ин барои ӯ як чизи маъмулист.
“На танҳо дар Тоҷикистон дар дигар давлатҳо ҳам дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ, ба мисли чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагон ба “маршировкаҳо” ҷалб мешаванд”, - гуфт омбудсмени Тоҷикистон.
Вай гуфт, ки ҷалби ҷавонон ба “маршировка”-ҳо барои қонеъ кардани ҳуқуқҳои фарҳангии давлат сурат мегирад.
“Набояд фаромӯш кунем, ки дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ аз давлатҳои дигар меҳмонон меоянд. Дар сурати иштирок накарадани ҷавонон мо наметавонем ин чорабиниҳоро баргузор намоем”, - қайд кард ваколатдори ҳуқуқи башар.
Вай илова кад, ки на ҳамаи донишҷӯён ба ин гуна чорабинҳо ҷалб карда мешаванд. Вай гуфт дар шароити паҳншавии вируси корон онҳое, ки беморанд ва сабаби дигар доранд, ба маршировка ҷалб намешаванд.
“Айни ҳол таътили тобистонаи донишҷӯён ва хонандагон аст ва дар давоми таътил ҷалб кардани онҳо ба маршировка нақзи ҳуқуқи донишҷӯён нест. Чунки онҳое, ки ба маршировка ҷалб мешаванд, аз имтиёзҳо бархурдоранд ва ба таътили иловагӣ фаро гирифта мешаванд”, - афзуд Умед Бобозода.