ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бахшида ба Иди саиди Қурбон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка фурӯши маҳсулот баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзон роҳандозӣ мешавад.
Ҳамин тавр, рӯзи 17 июл дар шаҳрҳои саноатии Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад.
Ҳамчунин дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 17, 18 ва 19 июл чунин ярмаркаҳо гузаронида мешавад.
"Дар ин ярмаркаҳо ба сокинон маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, равған, гӯшт, орд, шакар, меваҷоту полезиҳо ва асалу тухм бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ ваъда додааст, ки нархҳои маҳсулотро дар бозорҳои кишвар дар арафаи Иди Қурбон таҳти назорати худ мегирад.
"Пеш аз Ид, мо як ситод таъсис медиҳем, ки дар давраи Ид нархгузорӣ ва мавҷудияти нархномаҳо дар молҳоро ба танзим медарорад. Дар ҳақиқат дар кишвар дар арафаи Идҳо болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла меваҳо мушоҳида мешавад", - гуфт Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.
Қурбонзода таъкид кард, ки нафароне, ки қонунро нақз мекунанд ҷарима мешаванд ё ин ки нисбати онҳо дигар чораҳои маъмурӣ гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи таҷлили Иди Қурбонро эълон кард. Имсол он рӯзи сешанбеи 20 июл таҷлил хоҳад шуд.
Тибқи анъана, Ид аз намози дастаҷамъона ва идона оғоз мешавад, ки дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон соати 6:30 баргузор мешавад.