ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бар асари боронгариҳо ва ҳавои тафсон, ки боиси баланд шудани сатҳи оби рӯду кӯлҳо гардид, дар Тоҷикистон селхезӣ сурат гирифт.
Офати табиӣ ҳам ба сокинони ВМКБ, Суғд ва ҳам сокинони навоҳии тобеи марказро домангир намуд.
Аз ҷумла, нисфирӯзи 13 июл дар натиҷаи борони пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел фаромад, хабар медиҳад КҲФ.
Сел дар як муддати кӯтоҳ роҳи мошингардро баст. Ҳамзамон 7 хонаи истиқоматиро вайрон ва ба 16 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд.
Зимнан, тақрибан пас аз 1,5 соат сел дар ноҳияи Нуробод, деҳаи Муҷихарф ҳам фаромад. Дар ин ҷо 5 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои корам аз лойоба пур шуданд. Илова бар ин, сел ду мошинро комилан шуст.
КҲФ мегӯяд, сел дар деҳаи Оҳангарони ин ноҳия роҳро масдуд кард ва дар деҳаи Комсомолобод бошад, ду пули аҳамияти маҳалидоштаро хароб гардонд.
Ҳамзамон, манбаъ аз фаромадани сел дар ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ хабар медиҳад. Дар ин навоҳӣ низ селоба роҳи байни шаҳракро муваққатан масдуд кард.
КҲФ мегӯяд, бар асари ин офати табиӣ дар ягон ноҳияи офатзада талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.