ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Имрӯз раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханули суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи маҷлис.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат ҷанбаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон ва масъалаҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.
"Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин муайянсозии самтҳои афзалиятноки рушди муносибатҳои бисёрсолаи дӯстона изҳор доштанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Онҳо зикр карданд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон бо ҳамдигар шарикони боэътимоди стратегӣ маҳсуб меёбанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар пасманзари пандемияи КОВИД-19 ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Аз ҷумла, вазъи ҳарбию сиёсӣ ва ҳолати ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.