ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бар асари тирпарронии рӯзи 8 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарҳадбони қирғиз кушта шуд ва яке дигар аз ҷониби марзбонони тоҷик боздошт гардид.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки сарҳадбони боздоштшударо Тоҷикистон раҳо кард ва феълан ӯ дар ватан қарор дорад.
"Бегоҳи рӯзи 9 июл пас аз мулоқоти намояндагони сарҳадоти ду кишвар, прапоршик Умаров ба ҷониби Қирғизистон супорида шуд. Имрӯз соати 00:55 дақиқа, Умаров тавассути гузаргоҳи "Кайрагач-автодорожний" ба қаламрави Қирғизистон гузашт", - таъкид мешавад дар хабари Хадамоти марзбонии он кишвар.
Манбаъ меафзояд, феълан вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон орому мӯътадил аст.
Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8 июл аз рухдоди тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон хабар дод.
Ба иттилоъи манбаъ ҳодиса соати 14:55 дақиқаи рӯзи 8 июл дар ҳудуди ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух дода, дар натиҷа ду сарбози қирғиз захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, чор сарҳадбонони Қирғизистон бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ марзи Тоҷикистонро дар ҷамоати Росровути Деваштич ғайриқонунӣ убур карданд.
"Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд", - омадааст дар хабари КДАМ.
Мақомоти Қирғизистон низ дар бораи тирпарронии рӯзи 8 июл иттилоъ ба нашр расонида гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса сарбози 27-солаи ин кишвар, Ҳусниддин Ҳоҷиев аз захми тир кушта шудааст.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон исрор меварзад, ки дар ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон низ талафоти ҷонӣ ва маҷрӯҳ шудани сарҳадбонон вуҷуд дорад. Аммо ин изҳоротро ҷониби Тоҷикистон шарҳ надодааст.