Пешгӯии БАОР дар мавриди иқтисоди Тоҷикистону кишварҳои минтақа

Барқарорсозии иқтисодиёт дар Русия ва хориҷи наздик аз оне, ки интизор мерафт, беҳтар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Бонки авруосиёии Рушд пешгӯияшро барои иқтисоди кишварҳои иштирокдораш барои соли 2021 ироа намудааст.
Нишондиҳандаҳои тақрибӣ мусбат буда, дар давраи миёнамӯҳлат афзоиш ҳудуди 0,7 банди фоизӣ пешбинӣ шудааст.
Таҳлилгарони БАОР дар моҳи марти соли равон барқароршавии қавӣ дар кишварҳои узви бонкро пешбинӣ карда буданд, аммо воқеияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз чашмдошти коршиносон беҳтар баромад.
Вазири рушди иқтисод ва савдо: сатҳи камбағалӣ дар Тоҷикистон пойин омад
Тибқи пешгӯии бонк, интизор меравад, ки ММД Тоҷикистон дар охири сол ба 6,1% ва дар соли 2022 ба 7,8% расад.
“Иқтисоди кишварҳои узви БАОР дар пасманзари тамоюли ҷаҳонӣ фаъолона барқарор шуда истодааст. Мутобиқсозии онҳоро ба шароити пандемия метавон муваффақ унвон кард. Дар ҷамъбасти соли 2021 барқароршавии иқтисодиёти кишварҳои узви бонк метавонад аз оне, ки қаблан пешбинӣ шуда буд, қавитар шавад”, - гуфт муовини раиси Раёсати БАОР Руслан Даленов.
БАОР инчунин пешбиниҳои мусбатро дар бораи таваррум пешкаш кард. Аз ҷумла пешгӯӣ мешавад, ки соли 2022 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон метавонад то 5,7% коҳиш ёбад.