ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Абдуллоҳ Аҳмадзода, яке аз бузургони вилояти Панҷшер, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марзи Панҷшер бо вилоятҳои Нуристону Тахор пурра ба дасти Толибон афтодааст.
“Аз қисмати болоии дара вулусволии Карону Мунҷони вилояти Бадахшон, аз шимол вулусволии Андароби вилояти Бағлон ва аз ғарб шаҳри Гулбаҳори Парвон ҳоло дар ихтиёри ҳукумат аст. Бақия марзҳои Панҷшер пурра дар ихтиёри Толибон афтодаанд ва ё аз ҳамлаи онҳо осебпазиранд”, - гуфт Абдуллоҳ Аҳмадзода.
Бо суқути Варсаҷ деҳаи Пю, ҷое, ки Аҳмад Масъуд, писари ягонаи Аҳмадшоҳи Масъуд, ба дунё омадааст, низ ба дасти Толибон* афтодааст. Охири солҳои 80-уми асри гузашта ин деҳа яке аз пойгоҳҳои муҷоҳидини Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Соли 1987 ӯ дар Пю бо духтари яке аз рафиқони ҷангии худ ба номи Тоҷиддин пинҳонӣ издивоҷ кард ва соли 1988 фарзанди аввалини ӯ – Аҳмад ба дунё омад. Масъуди хурдӣ ҳоло фармондеҳи нерӯҳои хезиши мардумии Панҷшер аст.
Расидани Толибон* ба марзҳои Панҷшер омодагиҳои ҷангӣ дар ин вилоятро бештар кардааст.
Абдуллоҳ Аҳмадзода мегӯяд, толибҳо метавонанд фақат аз қисмати Карону Мунҷон тариқи ағбаи Анҷуман ва аз ҷониби Тахор тариқи ағбаи Ховок ба Панҷшер ҳамла кунанд.
“Ҳоло нерӯҳои мардумӣ дар ин ду нуқта тамаркуз карда, шабонарӯзӣ маҳаллро таҳти муроқибат қарор додаанд. Дар саросари Панҷшер рӯи 22 қароргоҳи низомии муқовамат кор шурӯъ шудааст. Агар дар ҷангҳои солҳои 80 – у 90 – ум дар минтақаи Дараву Париён яктоӣ қароргоҳ вуҷуд дошт, ҳоло дар аввалӣ ду ва дар дуввумӣ се пойгоҳ фаъол гаштаанд. Ҳамчунон фармондеҳони марбут ба Аҳмад аз Тахор ба Панҷшер хоста шудаанд, то таълимот дида ва муҷаҳҳаз шаванд”, - гуфт ӯ.
Карта провинции Панчшир
© Государственный информационный и медиацентр Афганистана
Панҷшер дар замони муқовимати аввал алайҳи Толибон (1996-2001) маркази асосии нерӯҳои Ҷабҳаи Муттаҳид таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Маҳз дар ин вилоят марокизи асосии низомӣ ва истихборотии ҷабҳа ҷойгир буданд. Тамоми амалиётҳо аз теппаи Сарича, ҷое, ки фармондеҳи муқовимат ҳоло ба хоби абад рафтааст, идора мешуд.
Абдуллоҳ Аҳмадзода мегӯяд, руҳияи мардуми Панҷшер дар қиёс бо мардумони дигар манотиқ хеле қавӣ буда, ҳама барои ҷанг бо Толибон* омодаанд ва ҳеҷ кас аз муомилаву таслимӣ суҳбат намекунад.
“Дар дигар вилоятҳо бархе вулусволиҳо бидуни ягон муқовимат ба Толибон* таслим дода шуданд. Масалан, мӯйсафедони Варсаҷ, вулусволие, ки ки ҳеҷ гоҳ забт нашуда буд, ба назди Толибон* рафта, худ онҳоро оварданд ва дар маркази вулусволӣ пазироӣ карданд. 150 нафар аз ин вулусволӣ ба Панҷшер фирор кардааст. Ҳамагӣ 35 толиб бидуни ҷанг Варсаҷро гирифт”, - гуфт Аҳмадзода.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, қарор буд ҳукумати Афғонистон барои хезиши мардумӣ дар Панҷшер 800 қабза аслиҳа таслим кунад, аммо ба далели мухолифати бархе нухбагони кобулнишини панҷшерӣ ин барнома муаллақ мондааст.
Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати марказии Кобул аз таҳаррукоте, ки дар Панҷшер мешаванд, хуш нест ва барои кӯмак ба хезиши мардумӣ ҳеҷ рағбат нишон намедиҳад.
“Дойираҳое дар Кобул мехоҳанд Панҷшерро низ суқут диҳанд ва аз тақвияти мавқеи Аҳмади Масъуд ҷилавгирӣ кунанд. Мутаассифона, бархе аз онҳо худ панҷшерӣ ҳастанд. Ҳол он ки мо дар канори нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҳимоят аз низоми ҷумҳурӣ мекунем. Аммо Панҷшер ҳич гоҳ таслим намешавад, балки муқовимат хоҳад кард”, - гуфт Абдуллоҳ Аҳмадзода.
Панҷшер вилояте дар шарқи Афғонистон аст, ки масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон аҳамияти стратегӣ дошт. Қаламраваш 3 ҳазору 771٫6 километр мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст. 7 вулусволӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир Панҷшер танҳо вилоятест, ки пои Толибон* ба қаламрави он нарасидааст.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия