Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан се сол мегузарад, вале то ҳол гумонбари асосӣ Александр Сёмин ҳукм нагирифтааст

Дар вилояти Маскав баррасии додгоҳии қазияи куштори Ҳувайдо баргузор мешавад

Мурофиаи судие, ки бояд 22 июн баргузор мешуд, ба таъхир андохта шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Имрӯз дар Додгоҳи вилоятии Маскав мурофиаи додгоҳии парвандаи куштори Ҳувайдо, духтараки 5-солаи тоҷик баргузор мешавад.
Дар ин бора падари Ҳувайдо, Абдусалом Саидов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ёдрас мешавем, пештар, 22 июн баррасии ин парванда бо далели ташдиди вазъи коронавирус дар Русия ба таъхир андохта шуда буд.
Ҳамин тавр, дар назар аст, имрӯз додгоҳ ду масъаларо баррасӣ кунад.
"Ин тамдиди ҳабси Александр Сёмин ва дубора ба тафтишот равон кардани парванда мебошад", - хабар дода буд пештар вакили Саидов, Шавкат Умаров.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин бора пештар Суди вилоятии Маскав қарори марбута қабул карда буд.
Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Баргузории боз як суд дар роҳи баргардонии парвандаи куштори Ҳувайдо ба тафтишот
"Суди вилоятии Маскав қарорашро қабул карда буд, лекин ҷониби ҳимояи боздоштшуда ба суди аппелятсионӣ шикоят карданд. Ҳамин шикоятро суди аппелиатсионӣ баррасӣ карда, як ду хатогии протсесуалӣ ёфт, ки начандон ҷиддӣ аст, аммо бо ҳамин асос қарор боз ба судяи нав баргардонида шуд, то онро аз сари нав дида, баррасӣ кунад", - таъкид мекунад ҳомии ҳуқуқ.
Ёдрас мешавем, соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод.
Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Хоҳари Ҳувайдо бемор аст: падараш мадад мехоҳад
Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд. Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.
Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд. Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, ҳукм содир нашудааст.