Раҳмону Тоқаев хатарҳо аз Афғонистонро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои қазоқистонияш, Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар манзари бад шудани вазъ дар Афғонистон, сарони давлатҳо ҳолати кунунии ҳарбию сиёсиро дар ин кишвари ҳамсоя муфассал муҳокима карданд.
"Ҷонибҳо аз шадидтар шудани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёв аз ташдиди вазъ дар марз
Манбаъ афзуд, ки бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, аҳамияти қадамҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар зикр гардид.
Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон низ суҳбати телефонӣ анҷом дода, вазъи Афғонистонро баррасӣ намудаанд.