ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Вазири фарҳанги Ӯзбекистон, Ҳунарманди халқии ҷумҳурӣ Озодбек Назарбеков аз коронавирус мустақиман ваксин гирифт, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати тандурустӣ.
Ин амал дар як ҷаласаи навбатии Клуби байналмилалии матбуот анҷои дода шудааст. Хабар дода мешавад, ки баъзе ҳунармандон ва рӯзноманигорони ҳузурдошта низ, ҳамроҳи ӯ ваксина гирифтанд.
Назарбеков ягона мансабдоре нест, ки алайҳи вируси корона ваксин гирифтааст, аммо то ҳол ягона нафарест, ки онро дар телевизион ба таври оммавӣ анҷом додааст.
Як рӯз пеш, дар яке аз поликлиникаҳои оилавии Тошканд, ҷузъи якуми ваксинаи ӯзбекиву чинии ZF-UZ-VAC2001 - ро вазири маорифи халқ Шерзод Шерматов гирифт.
Маъракаи эмгузаронӣ алайҳи COVID - 19 дар Ӯзбекистон, 1 апрел оғоз ёфт.
Айни замон, сокинони ҷумҳурӣ ба доруҳои ZF-UZ-VAC2001 ва "Sputnik V" дастрасӣ доранд.
Интизор меравад, ки тавассути механизми COVAX дар моҳи август боз ба кишвар ваксина фиристода шавад. Кадом навъи ваксин то ҳол маълум нет. Аз ҷумла ворид кардани AstraZeneca (на CovieShield), Pfizer ва Moderna баррасӣ мешаванд.
Дар Ӯзбекистон аллакай беш аз ду миллион нафар эм карда шудаанд. Дар Тошканд марказҳои эмгузаронӣ, аз ҷумла дар марказҳои савдо ва бозорҳо фаъол ҳастанд.