Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон меравад

Президенти Афғонистон дар кори конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ иштирок мекунад. Дар ин чорабинӣ олимон барои пайдо кардани роҳи рушди Афғонистон гирди ҳам меоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Қарор аст, раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кунад. Ҳадаф аз сафари Ғанӣ ба Ӯзбекистон иштирок дар конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ арзёбӣ мешавад.
Аз сафари президенти Афғонистон ба Sputnik Ӯзбекистон муовини вазри мудофиаи он кишвар Мирвайс Наб хабар додааст.
Ба гуфтаи дипломат, дар чорабинии мазкур гурӯҳи олимон барои пайдо кардани роҳи рушди Афғонистон гирди ҳам меоянд. Қаблан раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз баргузор гардидани конфронси байналмилалии сатҳи баланд хабар дода буд.
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Ашраф Ғанӣ
Интизор меравад, ин конфронс рӯзҳои 15-16 июл доир гардад.
Ёдовар мешавем, вазъият дар Афғонистон феълан муташанниҷ аст ва гурӯҳи ҳаракати мамнӯи Толибон* тавонистанд вилояту вулусволиҳои зиёди ин кишварро забт кунанд.
Барои ду дафъа теъдоди зиёди низомиёни афғон ба хотири наҷот ёфтан аз дасти ҷангиёни толиб ба хоки Тоҷикистон фирор намуда буданд.
Авзои феълии Афғонистон кишварҳоеро, ки дар ҳамоягии он қарор доранд, ниҳоят нигарон намудааст.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия