ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар Қирғизистон теъдоди гирифторони вируси корона ба таври рекордӣ афзуд.
Бино ба гузориши Вазорати беҳдоти ин кишвар дар давоми шабонарӯзи охир дар минтақа шумораи рекордии ҳолатҳои нави беморӣ сабт шудааст.
Дар давоми 24 соати охир дар Қирғизистон 1965 ҳолати нави COVID-19 ба қайд грифта шудааст. Шумораи бештари беморон, ки 76 дарсади кулли гирифторонро ташкил медиҳад, дар пойтахт, шаҳри Бишке сабт шудааст.
Дар ин шаҳр 1490 кас дар як рӯз ба ин вабои аср гирифтор шудааст.
Ҳамчунин, дар давоми ин шабонарӯз дар Қирғизистон 8 бемор ҷони худро аз даст дода, шумораи умумии фавтидагон аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун ба 2 ҳазор нафар баробар шуд.
Бояд гуфт, аз аввали пандемия то имрӯз дар Қирғизистон 125 003 кас гирифтори вируси корона шудааст.