СААД: агар Тоҷикистон кумак хоҳад, онро мегирад

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бори дигар омодагии худро барои расонидани кумак ба Тоҷикистон дар замони шиддат гирифтани вазъ тасдиқ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. СААД дар бораи вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон иттилоъ гирифтааст, гуфт котиби матбуотии созмон, Владимир Зайнетдинов дар суҳбат бо РИА Новости.
Вай қайд кард, ки ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон дар бораи вазъи марз бо Афғонистон гузориш додааст, аммо кумак нахост.
"Дар сурати ворид шудани дархост, СААД ба Тоҷикистон тамоми кумакҳои заруриро, ки дар шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Оинномаи СААД пешбинӣ шудаанд, ироа хоҳад кард", - илова кард Зайнетдинов.
Сухангӯи СААД афзудааст, ки ба Тоҷикистон метавонанд кумаки сиёсӣ, низомӣ ва низомӣ-техникӣ расонида шавад.
Станислав Зас ба Тоҷикистон сафар мекунад
Инчунин маълум шуд, ки рӯзҳои наздик дабири кулли СААД Станислав Зас ба Тоҷикистон барои баррасии вазъ дар марз хоҳад рафт.
Хотиррасон мекунем, ки дар Афғонистон ҷангҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон* (манъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар чор минтақаи наздимарзӣ ҷараён доранд.
Минтақаҳо ва постгоҳҳои марзӣ тадриҷан таҳти назорати ҷангиён қарор мегиранд. Ҷангҷӯён тавонистанд, ки гузаргоҳи Шерхон-Бандарро дар сарҳад бо Тоҷикистон забт кунанд. Ҳамзамон, нерӯҳои ҳукуматӣ амалиёти ҷавобӣ мегузаронанд, ки Толибонро тадриҷан аз қаламравҳои забтшуда пас гардонанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия