Чор паҳлавони тоҷик, шоҳҷоизаҳои сабқати байналмилалии куштиро аз худ карданд

Чор шоҳҷоизаи сабқати байналмилалии куштигирӣ дар Тоҷикистон монд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сабқати байналмилалии куштӣ, ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе, ҷамъбаст гардид.
Бино ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сабқати байналмилалӣ, ки рӯзи 27-уми июн дар "Наврӯзгоҳ" баргузор шуд, дар баробари паҳлавонони Тоҷикистон, варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Эрон, Озарбойҷон ва Кувайт ширкат доштанд.
Варзишкорон дар чор вазн то 65, 75, 90 ва беш аз 90 кило қувваозмоӣ карданд.

"Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқа фаъолона ҳунарнамоӣ карда, дар ҳар чор вазн зинаи аввал ва шоҳҷоизаи мусобиқа - автомобилро ба даст оварданд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, дар вазни то 65 кило Ориф Додов аз Тоҷикстон мақоми аввал ба даст овард. Ҷойи дуюмро дар ин вазн, варзишкор аз Ӯзбекистон Дилшод Буриев гирифту мақоми сеюмро Хайрандеш Муродзода аз Тоҷикистон ва Муҳаммад Юсуф Шуайб аз Афғонистон аз худ карданд.
Дар вазни то 75 кило Муҳаммадшариф Наҷмиддинов намояндаи Тоҷикистон ҷои аввал, Улуғбек Отамуродов варзишкор аз Ӯзбекистон мақоми дуюмро гирифтанд.
Куштӣ дар Кӯлоб: аз қадрдонии Расул Боқиев то бохти варзишкорони рус аз рақибони тоҷик
Мирлан Эралиев аз Қирғизистон ва Мирзоҷамил Рамазонов намояндаи Тоҷикистон дар ин вазн, мақоми сеюмро гирифтанд.
Дар вазни то 90 кило Ҷаҳонгир Маҷидов варзишкори тоҷик мақоми аввал ва Эркин Қазоқов варзишкор аз Ӯзбекистон ҷои дуюмро ишғлол кард.
Ҳамин тавр, мақоми сеюмро ду варзишкор Арам Григорян аз Русия ва Ҳамроз Раҷабов намояндаи Тоҷикистон аз худ карданд.
Дар вазни беш аз 90 кило Темур Раҳимов намояндаи Тоҷикистон мақоми аввалро аз худ кард. Ҷои дуюмро Ҷарҷал Иброҳим Шаҳриёр - намояндаи Эрон гирифт.
Мақоми сеюмро ду варзишкор - Шариф Назриев аз Тоҷикистон ва Яҳё Имонов аз Ӯзбекистон аз худ карданд.