Ассошиэйтед Пресс гуфт, дар Афғонистон чиқадар сарбози амрикоӣ боқӣ мемонад

Хурӯҷи бахши аъзами низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон дар давоми ду ҳафта ба итмом мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Ҳудуди 650 сарбоз барои посбонии дипломатҳо ва чандсад нафари дигар барои посбонии фурудгоҳи Кобул дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, иттилоъ додааст "Ассошиэйтед Пресс" дар истинод ба манбаъҳояш дар ҳукумати ИМА.
Тавре манбаъ шарҳ додааст, хуруҷи қисми асосии нерӯҳо, аз ҷумла фармондеҳӣ бояд то рӯзи истиқлолият, 4 июл ё баъд аз он ба итмом расад.
То моҳи сентябр чандсад сарбози амрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул ба нерӯҳои Туркия барои ҳифзи фурудгоҳ кӯмак хоҳанд кард. То ин вақт, ба гуфтаи манбаъҳо, Анқара бояд амалиёти мукаммали ҳифзи иншоотро роҳандозӣ намояд
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳолати омодабош гузаштанд
Мақомоти Амрико хуруҷи нерӯҳоро аз 1 май оғоз карда, ваъда дод 11 сентябр хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистонро дар ҳамоҳангии комил бо ҳампаймонҳо ба анҷом хоҳанд расонд. Дар соли 2020, Вашингтон ва гурӯҳи Толибон дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳ дар давоми 18 соли ҷангро ба имзо расонданд.
Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар зарфи 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.
Ҳоло дар Афғонистон камтар аз 10 ҳазор сарбоз аз кишварҳои НАТО ва шарикони эътилоф, аз ҷумла 2,5 ҳазор сарбозони амрикоӣ ҳузур доранд. Вазифаи асосии онҳо омӯзиши нерӯҳои амниятии Афғонистон мебошад.
Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш бо НАТО дар соли 2001 дар Афғонистон амалиёти низомиро оғоз карданд.