Ширин Амонзода ҳамватанони бурунмарзиро ба раванди ободкориҳои кишвар даъват кард

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо намояндагони ҷамъияти “Дӯстӣ” ва соҳибкорони мувафақи тоҷики шаҳри Новосибирск мулоқот анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон ахиран бо роҳбари ҷамъияти “Дӯстӣ”-и шаҳри Новосибирски Русия Сияршо Абдуҷабборов ва аъзои ин ҷамъияти тоҷикон - соҳибкорони мувафақи тоҷик мулоқот кард.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорат дар мулоқот масъалаҳои муҳоҷират, вазъи фаъолияти муташаккилони ҳамватанон, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, ҷоннок намудани фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон - диаспораҳо, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба раванди ободкориҳои кишвар баррасӣ гардидааст.
Миллионери тоҷик ба вазир чӣ пешниҳод кард? дидори Амонзода бо Давлатов
Манбаъ қайд кардааст, ки ин соҳибкорон то имрӯз дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар гӯшаҳои кишвар саҳм гузошта, дар давраи бемории ҳамагири КОВИД-19 муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷикро дар кишвари иқомат дастгирӣ намудаанд.
Гуфта шудааст, ки барои тақвияти фаъолияти диаспораҳо, дастгирии ниёзмандон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии кишвар соҳибкорон бо Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.