ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Иноятуллоҳ Бобур Фараҳманд, муовини раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ имрӯз дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт, ки оқои Дӯстум дар як тамоси телефонӣ ин мавзӯъро матраҳ кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Ағонистон.
Вай навиштааст: "Маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби Ҷунбиши Миллии Афғонистон, пас аз табобат ва беҳбуди вазъи саломатияш дар Анкара, ба тамоми сарбозон ва пайравони худ ҳидоят дод, бо ҳар имкони даст дошта бар зидди Толибон биҷанганд. Вай ба ҳама муҳофизони кишвар итминон дод, ки кушиш мекунад ҳарчи зудтар бо онҳо ҳамроҳ шавад".
Бояд гуфт, ки маршал Дӯстум, ки ду ҳафта қабл дар хати нахусти набард дар Ҷӯзҷон ҳузур ёта буд, ахиран ба Туркия сафар кардааст.
Хабар дода мешавад, ки маршалл Дӯстум ва писари калонии ӯ Ёрмуҳаммад Дӯстум дар араёни ҳузур дар хати нахусти набард масмум (заҳролуд) шудаанд.
Манбаъҳои наздик ба маршал Дӯстум аммо то кунун дар ин бора чизе нагутаанд.
Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон (дар Русия мамнӯъ) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд, ки миёнашон чаҳор захмӣ ва як ҳалокшуда буд.
Бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, артиши Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон хидмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуд.