Дар Суғд милисаҳо амалиёти Маданияти шаҳрдорӣ мегузаронанд

Аз ҷониби кормандон дар биноҳои баландошёна, майдону толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои истироҳатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ санҷишҳои профилактикӣ доир карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Суғд амалиёти "Маданияти шаҳрдорӣ" баргузор мешавад, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Онро Раёсати ВКД дар Суғд аз 17 то 27 июн баргузор мекунад.
Гуфта мешавад, милисаҳо ҷиҳати тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба минтақаҳо сафарбар гардида, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ мегузаронанд.
Тибқи иттилои манбаъ, 22 июн ҳамин гуна корбарии мақсаднок дар ҳудуди маъмурии маҳаллаи 8-и шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд.
Аз ҷониби кормандон дар биноҳои баландошёна, майдону толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои истироҳатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ санҷишҳои профилактикӣ доир карда шуд.
Азми Рустами Эмомалӣ дар таблиғи одоби шаҳрнишинӣ дар Душанбе
"Ҷанбаи фарқкунандаи марҳилаи навбатии амалиёти маданияти шаҳрдорӣ, ки ташаббускори он милитсия мебошад, дар он аст, ки бе таъсиррасонии ҳуқуқӣ мегузарад. Яъне нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда протокол тартиб дода нашуда, танҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад", - тавзеҳ медиҳад ВКД.
Дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд мавзӯи суҳбат бо аҳолӣ паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарраро фаро гирифт
Насли калонсол оид ба унсурҳои халалрасонанда ба тартиботи ҷамъиятӣ ва роҳҳои пешгирии он, маданияти шаҳрдорӣ, одоби ҳамсоядорӣ, риояи қоидаҳои будубош бо милитсия суҳбат карданд.
Либосҳоро дар пештоқи хона овезон накунед: ҷаласа бо сокинон дар бораи одоби шаҳрдорӣ
Дар байни ҷавонон тарзи ҳаёти солим тарғиб гардида, таваҷҷӯҳи асосӣ ба интихоби дурусти пайроҳаи зиндагӣ дода шуд. Машғул нашудан ба оворагардӣ ва самаранок истифода бурдани давраи таътили тобистона дар мулоқот бо наврасон матраҳ гардид.
Ёдрас мешавем, ки амалиёти "Маданияти шаҳрдорӣ" бо ҷалби сохтору идораҳои давлатӣ ва фаъолони маҳал ҷараён дорад.
Ҳадафи асосии чорабинӣ пешгирӣ аз кирдори зиддиҳуқуқуқӣ, муноқишаҳои оилавӣ ва унсурҳои бегонапарастӣ, риояи қонунҳои амалкунанда ва муҳимтар аз ҳама тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад, ки аз талаботи асосии амалисозандаи раванди ислоҳоти милитсия маҳсуб меёбад.