Моҳру Ҳалимова барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё шуд

Моҳру Ҳалимова дар Чемпионати Осиё дар риштаи таеквандо сазовори медали биринҷӣ шуд.
Дар чемпионати Осиё дар риштаи таеквандо аз миёни тими Тоҷикистон танҳо як нафар медал ба даст овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Моҳру Ҳалимова, узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар риштаи таеквондо дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё оид ба таеквондо 16-18 июн дар шаҳри Бейрути Лубнон бо иштироки 186 варзишгар аз 30 давлат баргузор шуд.
Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки Моҳру Ҳалимова дар вазни то 67 кило муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Корея, Сонг Да Бин дастболо шуд. Сипас ӯ дар нимфинал аз варзишгари Урдун, Ҷулйана Содиқ шикаст хӯрд ва ҷои сеюмро гирифт.
Баромади таэквандочиёни Тоҷикистон дар ЧҶ-2015 дар Булғористон
Дар пойтахти ҶТ қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо баргузор гардид
Ин ниҳод афзуд, варзишгарони дигари ҷумҳурӣ - Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-80кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) пас як пирӯзӣ дар чорякфинал, Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Зикр шудааст, ки ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон - Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат ҳакамӣ намуданд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, варзишгарони ҷумҳурӣ, ҳамчунин 19-21 июн дар мусобиқаи байналмилалӣ – “Beirut Open” ширкат мекунанд.