ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон раванди барҳамдиҳии "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" бо қарори суди иқтисодии Душанбе оғоз гардидааст, менависад Пресса тҷ.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори суд, мудирони махсусе, ки таъйин гардидаанд, бояд пасандози мардумро бозпас баргардонанд.
Гуфта мешавад, Раҳимҷон Шарифов мудири "Агроинвестбонк" ва Фаррух Нуритдинов мудири "Тоҷиксодиротбон" муваззаф шуданд, ки амволи ин ду бонкро ба фурӯш гузошта, аз ин ҳособ пули мардумро ба онҳо бозпас диҳанд.
Паванди баргардондани пули мардум набояд аз ду сол бештар тӯл кашад.
Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, ҳоло шумори умумии амонатгузорони “Агроинвестбонк” 27,7 ҳазор нафарро ташкил дода, амонати 23,7 ҳазор (86%) нафари онҳо пурра ва 4 ҳазор нафарашон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ ҷуброн мешавад.
Теъдоди умуми амонатгузорони “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Пасандози 3,5 ҳазор (64%) нафар пурра ва 2 ҳазор амонатгузорон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ ҷуброн мешавад.