ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахши истеҳсолоти саноатӣ ва энергетикӣ, бахусус дар соҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ба миён омадааст.
Раисиҷумҳур дар суҳбат бо “Ховар” ҳифзи муҳити зист дар шароити тағйирёбии иқлимро таъкид намуда, изҳор дошт, ки дар қаламрави Тоҷикистон 13 000 пирях ва тақрибан 1000 дарё мавҷуданд, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Мавҷудияти ин захираҳо барои рушди “иқтисоди сабз” замина фароҳам меорад, хотиррасон намуд Эмомалӣ Раҳмон.
“Истифодаи муштараки иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сатҳи таъминоти неруи барқ дар кишварҳои минтақа боло бардошта, арзиши истеҳсоли он кам карда шавад, инчунин хатар ба муҳити зист ва ҳаҷми партоби гази карбон ба атмосфера коҳиш дода шавад”, - таъкид кард ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон, иттилоъ дод, ки моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузории нахустин мулоқоти вазирони саноат ва вазирони энержии кишварҳои аъзои СҲШ ба нақша гирифта шудааст.
“Умедворем, ки баргузории ин чорабиниҳо барои эҷоди механизмҳои мукаммали ҳамкорӣ дар ин самтҳо дар доираи СҲШ замина мегузоранд. Умедворам, дар ҷараёни саммити СҲШ дар Душанбе мо ба қабули қарорҳои дахлдор муваффақ мегардем”, - изҳор доштаст раисиҷумҳур.
Ӯ афзудааст, ки Тоҷикистон ба ҳайси раисикунанда дар СҲШ, ҳамаи пешниҳодҳоро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, инчунин кор бо ҷавонон дастгирӣ мекунад.