Халилзод: Амрико Афғонистонро танҳо намегузорад

Фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистон Залмай Халилзод ахиран эълон кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Иолоти Муттаҳида имсол аз хоки Афғонистон берун мешаванд, вале Амрико ин кишварро тарк намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон Залмай Халилзод ба рӯзноманигорон роҷеъ ба раванди музокироти сулҳ дар Афғонистонро шарҳ дод, иттилоъ додааст “Интерфакс”.
Залмай Халилзод таъкид доштааст, ки Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, дар бораи имкони ҳифзи иқтидори худ дар минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон гуфтушунид доранд.
Ӯзбекистон ба Афғонистон барои пешгирӣ аз коронавирус кумаки башардӯстона ирсол кард
Ба гуфтаи Халилзод, дар ҳоли ҳозир ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қазоқистон, дар робита ба мубориза бо терроризм ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон баррасӣ мешавад.
“Дар ҳоли ҳозир, ҳеҷ чизи гуфта намешавад, аммо ман мехоҳам бигӯям, ки музокироту гуфтушунидҳо идома доранд ва Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, ки дар минтақа имконияте дошта бошад, ки амнияти миллии худро ҳифз кунад ва инчунин бо дигар кишварҳо роҷеъ ба манфиатҳои тарафайн ҳамкорӣ намояд ", - гуфт ӯ.
Бояд қайд кард, ки то 11-уми сентябр нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бояд қаламрави Афғонистонро тарк намоянд.
Залмай Халилзод бо милитсионери №1 Тоҷикистон чӣ масъаларо баррасӣ кард?
Афзоиши хушунат ва бунбаст дар музокироти сулҳи ҳукумат ва гурӯҳи шӯришии Толибони суолҳои зиёдеро дар мавриди сарнавишти ояндаи Афғонистон ба миён гузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ахиран эълон кард, ки, барномаи кумаки башарӣ ба Афғонистон идома меёбад.
Департаменти давлатии Амрико ёдрас шудааст, ки аз соли 2002-ум то кунун Амрико ба Афғонистон ба маблағи тахминан 3 миллиарду 900 миллион доллар ёрӣ расонааст.