ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки он бо пирӯзии дастаҳои мунтахаби Россия ва Қазоқистон анҷом ёфт.
Дар ин бора котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов ба шореҳи варзиши АМИТ "Ховар" Меҳрони Қурбон хабар дод.
"Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов аз Россия ғолиб шуд. Ӯ дар мусобиқаи якуми “Tajikistan Open” низ пирӯз шуда буд. Ҷойи дуюм насиби варзишгар аз Қазоқистон Йердилда Йерассил гардид”, таъкид доштааст манбаъ.
Инчунин Федератсияи тенниси Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар рақобати ҷуфти писарон Амирҳамза Насриддинов (Русия), Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввал, Иля Ведмед (Қазоқистон), Владислав Стругич (Белорус) ҷои дуюмро сазовор шуданд. Миёни духтарон Дарига Рустамова аз Қазоқистон ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Омина Валихонова аз Ӯзбекистон ба даст овард.Дар рақобати ҷуфти духтарон Даря Гнейдина, Дарига Рустамова (Қазоқистон) мақоми аввал, Каракат Коилбаева, Дилноз Машабаева (Қазоқистон) мақоми дуюмро сазовор гардиданд.
Дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open” 109 варзишгари ҷавон аз 13 давлат: Германия, Амрико, Британия, Словакия, Ҳиндустон, Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.