ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Сафари расмии Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон ба поён расид.
Кишвардори Ӯзбекистонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, раисиҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.
Ин сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо даъвати ҳамтои тоҷикаш сурат гирифта буд. Шавкат Мирзиёев ду рӯз - 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон буд.
Дар ин ду рӯз сарони кишварҳо музокироти сатҳи олӣ баргузор карданду 9 санади нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, аз иқтисод то фарҳангу амниятро имзо карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев барои кумакаш дар давраи пандемия изҳори сипос кард.
"Мардуми сипосгузори тоҷик, муҳтарам Шавкат Миромонович, кумак дар шакли лавозимоти тиббӣ, беморхонаи сайёр ва инчунин ба Тоҷикистон фиристодани як гурӯҳи вирусшиносони ботаҷрибаро фаромӯш нахоҳад кард", - гуфт кишвардор.
Мирзиёев аз пешвози гарми ҳамтои тоҷикаш тавсиф намуд.
Ӯ гуфт, аз дақиқаҳои аввали сафар ба Тоҷикистон, меҳмоннавозии тоҷикон эҳсос мешуд. Шавкат Мирзиёевро ҳамчунин рушди шаҳри Душанбе ба ҳайрат овард.
"Мебинам, ки аз соли 2019 то кунун, Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Сохтмон хеле зиёд аст - ин аз рушди иқтисоди Тоҷикистон дарак медиҳад", - гуфт президенти Ӯзбекистон.
Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин рӯзи 10 июн дар консерти бошукӯҳ, ки бо ширкати 250 санъаткори тоҷику ӯзбек баргузор шуд, ширкат карданд ва Раҳмон дар фазои тантанавӣ Мирзиёевро барои таҳкими дӯстӣ миёни ду халқ бо ордени "Зарринтоҷ" қадрдонӣ намуд.
Ҳамин тавр, президенти Ӯзбекистон кишвардори Тоҷикистонро барои анҷоми сафари ҷавобӣ ба ватанаш даъват кард.