Мошин дар масири Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ чаппа шуд

Бар асари чапа шудани мошин мусофири 19 - сола ба ҳалокат расид. Ҳамчунин ронанда бо ду мусофири худ бистарии беморхона гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар масири Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сонеҳаи нақлиётӣ бегоҳи 10 июн, тахминан соати 17:20 дақиқа иттифоқ афтод.
Ронандаи 21 - солаи мошини тамғаи "Опел - Вектра", ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар километри 37- уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромад.
Садама дар дили шаб дар Данғара ду қурбониву се захмӣ барҷой гузошт
Дар ҳамин ҳол, мошин бо се мусофир дар канори роҳ чаппа шуд, ки як мусофири 19 - сола, ки сокини шаҳри Ваҳдат буд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Манбаъ меафзояд, худи ронанда ва ду мусофири ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, феълан дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.