ДУШАНБЕ, 11 июн Sputnik. Дар ин бора нахуствазири Бритониё, Борис Ҷонсон изҳорот дод, аммо ҷузъиёти бештаре дар ин бора нагуфт.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз раҳбарони кишварҳои доро бори дигар хост, ки барномаи эмкунии зидди COVID-19-ро, ки СММ барои кишварҳои нодор роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ намоянд.
Дар муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи ҳафтгона, ки ба он пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон шомил мешаванду ҳафтаи ҷорӣ дар Англия ҷамъ меоянд, Тедрос Аданом Гебреусес хост, раҳбарон вокуниши ҳамоҳангшуда ба таъмини кишварҳои нодор бо воксинаро, нишон диҳанд.
Ба гуфтаи раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бо гузашти шаш моҳ аз шурӯи эмкунии зидди COVID-19, дар кишварҳои сарватманд дастрасии воксина тахминан 44 дарсад ва дар кишварҳои нодор 0,4 дарсадро ташкил додааст.
Вай таъкид дошт, ки дар давоми моҳҳо ин омор тағйир намеёбад.
Дар назди Созмони ҷаҳонии беҳлдошт барномаи бо номи COVAX таъсис шудааст, ки махсус барои ёрӣ ба кишварҳои нодор дар таъмини воксинаи зидди COVID-19 амал мекунад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Ҷо Байден, расиҷумҳури Амрико гуфта буд, ки кишвараш то соли оянда 500 миллион дона воксинаи ширкати Pfizer-ро ба барномаи COVAX хайр мекунад.
Тоҷикистон ҳам дар миёни 92 кишвари нодору миёнаҳол узви ин барномаи СММ мебошад.
Дар ҷаласаи Гуруҳи ҳафтгона кишварҳои Бритониё, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Итолиё, Канада ва ИМА иштирок хоҳанд кард.