Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Шавкат Мирзиёев вориди Душанбе шуд: ӯро Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт

Сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар назар аст, ки дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан пешвоз гирифт.
Барои истиқболи Мирзиёев ҳамзамон ҳазорон сокинони пойтахт баромадаанд.
Гуфта мешавад, кортёжи президентҳо ба "Қасри миллат", ки дар онҷо маросими расмии истиқбол сурат мегирад, омаданд.
Дар назар аст, сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд.
Сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд.
Зикр мегардад, ки раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо мерасонанд.
Эълони роҳбандӣ дар Суғд ба истиқболи Мирзиёев: кадом кӯчаҳо?
Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон содагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.
Баъди марзбандии Қирғизистон: Душанбе бо Тошканд осонсозии ҳаракатро ба миён гузошт
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Онҳо умед доранд, ки тавассути сода кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.