ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Бобоҷонов Пулат Раззқович дидору мулоқот кард.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, Раҳимзода ҳамтои ӯзбекашро ба кишвар хайра мақдам гуфта, изҳор доштааст, ки ин вохӯрӣ барои таҳким бахшидани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду мақомот манфиатбахш мебошад.
“Мо бояд ҳамкориҳоро тақвият бахшида, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоем”, - таъкид шудааст дар ин мулоқот.
Ҳамчунин, ҷонибҳо масоили ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.
Ёдрас мешавем, рӯзи 10 июн президенти Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Душанбе омад.