Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Кумаки низомӣ ба Тоҷикистон ба баҳс бо Қирғизистон рабте надорад: шарҳи Қазоқистон

Қазоқистон моҳи апрели соли 2021 барои кумаки низомӣ ба Тоҷикистон ба мувофиқа расид. Ҳамзамон, бо Қирғизистон низ рӯзи 2 марти соли равон чунин созишнома имзо карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Вазорати дифоъи Қазоқистон гуфтааст, ки ироаи кумаки низомӣ ба Тоҷикистон ба баҳси марзии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон иртибот надорад.
Тибқи иттилои вазорати Қазоқистон, дар робита ба шиддати вазъ дар минтақаи марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон моҳи декабри соли 2019, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои кумаки ҳарбӣ-техникӣ ба ҷониби Қазоқистон муроҷиат кардааст.
Дар ин росто, созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи расонидани кумаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ таҳия шуд, ки 17 апрели соли 2021 имзо гардид.
Ҳамзамон бо Қирғизистон низ чунин созишнома 2 марти соли 2021 имзо шуда буд.
"Яъне, ин созишномаҳо бо Қирғизистон ва Тоҷикистон қабл аз тезутунд шудани баҳсҳои марзӣ байни ин кишварҳо ба имзо расида буданд", - таъкид кард Вазорати мудофиаи Қазоқистон. Дар ҳоли ҳозир, корҳо барои тасвиби созишномаҳои имзошуда идома дорад.
"Таъмини кумаки ҳарбӣ-техникӣ ба ин кишварҳо нияти мусоидат ба рушди баҳсҳои марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро надорад. Ин созишномаҳо дар партави нақшаи хуруҷи контингенти низомии кишварҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ба имзо расидаанд".
Кӯмаки низомии Қазокистон барои чист? – шарҳи Вазорати дифоъи Тоҷикистон
Ба гуфти вазорат, интиқоли таҷҳизоти низомӣ-техникӣ ба Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо пас аз ба мувофиқаи онҳо дар мавриди ҳалли зиддиятҳои мавҷуда ва ба эътидол овардани вазъ сурат мегирад.
"Бояд қайд кард, ки тибқи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон узви он мебошанд, кишварҳои СААД вазифадоранд, аз истифодаи зӯроварӣ ё таҳдид алайҳи якдигар худдорӣ кунанд", - гуфт вазорат.
Аз ин рӯ, кумаки ҳарбӣ-техникиро давлатҳо дар ҳалли баҳсҳои марзӣ истифода бурда наметавонанд, хулоса кард Вазорати мудофиаи Қазоқистон.

Кумаки низомии Қазоқистон ба Тоҷикистону Қирғизистон

Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи кӯмаки билоивази фанниву низомӣ 17 апрели соли 2021 аз сӯи сарвазирони ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Аскар Мамин ба имзо расидааст.
Ин кӯмаки якдафъина ва билоивази таҷҳизоти низомӣ буда, Қазоқистон қасд дорад 3 миллиону 240 дона патрони тирдори навъи ПС – и 5.45-милиметра, 20 ҳазору 76 адад патрони 23-милиметртра ва 10 ҳазор адад акси хумпора (миномёт)-и 82-милиметраро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳад.
Бино ба матни ин созишнома, Қазоқистон таҷҳизоти низомиро аз истгоҳи “Отар”-и вилояти Ҷамбул ба истгоҳи "Роҳатӣ" –и шаҳри Душанбе аз тариқи роҳ оҳан таҳвил медиҳад, ҷое, ки намояндагони таъйиншудаи мақомоти масъули ҷонибҳо онҳоро таслим ва қабул мекунанд.
Аз бастани марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистон кӣ зарар мебинад
Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон аз 16 декабри соли 1992 ба ин сӯ амал мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон моҳи феврали соли равон аз вогузор намудани 7 номгӯи муҳимоти ҷангӣ ба Қирғизистон хабар дод.
Ҳамин тавр, аз вогузор шудани 6 миллиону 480 дона патрони тирдори навъи ПС – и 5.45-милиметра, 1 ҳазор снаряди реактивии 122 – милиметра, 1 ҳазор адад патрони ҳушдори нури зарди 16-милиметра, 4 адад пости раҳгирии шунидории “Восток-СП”, 6 дастгоҳи дарёфти радиои навъи “Галактика” ва 1 комутатори мавҷгири “Калина 12х80” дар ихтиёри Қирғизистон хабар дода шуд.
Маълум нест, ки ин созишнома амалӣ шудааст, ё хайр. Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ миёни Қазоқистону Қирғизистон 8 апрели соли 1997 баста шудааст.

Таниши марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи чоруми июн расонаҳои Қирғизистон иддао карданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Пурра сӯхт: нашри навори "суқут" - и чархболи низомии Қирғизистон дар Ӯш
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард.
Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Аз баргардонии нерӯҳо то чарогоҳу тақсими марз: матни протоколи созиши Душанбею Бишкек
Аммо Қамчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
Баъди марзбандии Қирғизистон: Душанбе бо Тошканд осонсозии ҳаракатро ба миён гузошт
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, -гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.
Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин сӯ идома доранд. Он замон аввалин даргирӣ миёни сокинони ду кишвар дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваст ва охирин даргирии сангин низ 29 апрели соли равон дар ин деҳа оғоз шуда, ба тамоми манотиқи марзии миёни ду кишвар густариш ёфт ва зуд бо эълони як оташбас фурӯкаш шуд.
Феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст.