ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Шерзод Асадов ҷузъиёти сафари Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон ифшо кард.
Ба гуфтаи Асадов,сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон аз 10 то 11 июн сурат мегирад.
Дар нахустин рӯзи ташрифи Мирзиёев ба Тоҷикистон мулоқотҳои расмӣ доир мегардад. Зимнан, дар рӯзи дуюм кишвардори Ӯзбекистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон озими шаҳри Хуҷанд мешаванд.
Манобеъ аз маъмурияти Хуҷанд низ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки Мирзиёев на танҳо аз корхонаҳои саноатӣ, балки аз маконҳои фарҳангию таърихӣ низ боздид ба амал меорад.
Гуфта мешавад, сафари роҳбари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба тасвиб шудани 30 созишномаи байниҳукуматӣ анҷом хоҳад ёфт.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки бо роҳбарияти Суғд масъалаҳои барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ бо минтақаҳои ҳамсояи Ӯзбекистон муҳокима карда шаванд.
Илова бар ин, масъалаҳои аломатгузории марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва тақвият додани равобити заминӣ низ аз масъалаҳое хоҳанд буд, ки миёни роҳбарони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.