ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Қамчибек Тошиев, роҳбари Кумитаи давлатии амниятии милли Қирғизистон ба собиқ роҳбарони ин давлат ҳушдор додааст, ки шояд боздошт шаванд.
Роҳбари КДАМ бар ин бовар аст, ки президентҳои собиқи Қирғизистон дар парвандаи ҷиноӣ оид ба фасодкорӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи кони "Кумтор" даст доранд.
"Мо вазифадорем, ки ҳамаи шахсоне, ки дар қазияи кони "Кумтор" даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашем", - шарҳ додааст ӯ .
Зимнан, Тошиев афзудааст, ки дар ин ҳолат собиқ сарвазирон, раисони парлумон, вакилон ва дигар мансабдорони баландмақом ҳам шояд ҷалб карда шаванд.
Гузашта аз ин, Тошиев зикр намудааст, ки агар лозим ояд, собиқ президентҳоро низ ба ҷавобгарӣ мекашанд, "чун даст доштани онҳо дар ин қазия имкон дорад".
"Халқ мебинад, ки дар 25 соли ахир кони мазкур мавриди ғорат қарор гирифт, дасисабозӣ зиёд буд ва мансабдорон чун лӯхтак буданд. Бас аст. Дигар ин кор такрор намешавад. Мо ҳамаро ҷазо хоҳем дод", - гуфт Тошиев.
Қаблан, дар робита ба парвандаи фасодкорӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи "Кумтор", раиси пешини парлумони Қирғизистон ва бародари собиқ президент, Асилбек Жеенбеков ва ҳамчунин сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабанов боздошт шуда буданд.
Инчунин, собиқ вакилони парлумон Исхоқ Пирматов, Талант Узакбоев ва Торобай Зулпукаров низ боздошт гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Додситонии кулли Қирғизистон қаблан барои фасодкорӣ зимни созиши коркарди кони тиллои "Кумтор" парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.