“Бидуни огоҳӣ”: муроҷиатномаи мақомоти тоҷик ба мардум баъди қарори Қирғизистон

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо як муроҷиатнома ба мардуму ширкатҳои тоҷикистон аз маҳдудиятҳои ҷоринамудаи ҷониби Қирғизистон гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз маҳдудиятҳои ҷоринамудаи ҷониби Қирғизистон гуфта, таъкид намудааст, ки ин қарор бидуни ҳеч огоҳӣ ҷорӣ қабул шудааст.
“Дар робита ба қарори Девони Вазирони ҷумҳурии Қирғизистон №12-р аз 21 майи соли 2021, ки бидуни огоҳии пешакӣ қабул шуд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳишманд аст, ки аз ҳама гуна сафар ба Қирғизистон ва ё убури транзитӣ ба кишварҳои дигар тариқи қаламрави он худдорӣ намоянд”, - омадааст дар муроҷиатнома.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Баъди нигаронӣ аз "омодагӣ ба ҷанг": Сарвазири Қирғизистон гуфт, марзро мустаҳкам мекунанд
Вазорати хориҷии Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ҷумҳурӣ, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, хоҳиш намудааст, ки аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.

"Дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони мо дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон, метавонанд ба сафорати Тоҷикистон дар Бишкек аз рӯи хатти алоқаи доимии рақамҳои +996500442211 ва +996312511637 муроҷиат кунанд", - таъкид кардааст ВУХ Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ахиран мусофирони тоҷикистонии ҳавопаймои “Сомон Эйр” – ро дар Бишкек қабул накарда, онҳоро бозпас фиристоданд.
Раиси Девони вазирони Қирғизистон, Улуғбек Марупов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи ду кишвар, тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста боқӣ хоҳад монд.
Гӯсфандҳои ҳисорӣ аз кист? ихтилофоти ҷадид байни тоҷикон ва қирғизҳо
Ҳукумати Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кард, ки рафту омад ба Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳою консулгариҳои ду кишвар, хонаводаи онҳо, кормандони созмонҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбею Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ иҷозат асту халос.
Марзбандиҳо дар ҳолеянд, ки 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ба тирпарронӣ печид ва аз ҳарду тараф 55 кушта барҷой гузошт. Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози даргирӣ муттаҳам карданд. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад.