ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Мувофиқи қарори кобинаи вазирони Қирғизистон аз 21 майи соли 2021, маҳдудиятҳои муваққатӣ барои вуруду баромадан, будубош, ҳаракат ва транзит тавассути қаламрави Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷорӣ карда шуданд.
Пойгоҳи хабарии "АКИpress" дар такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қирғизистон иттилоъ додааст, ки гузариши молу воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои "Кулунду", "Қайрагач", "Қизил-Бел", "Бордебо" ва "Қарамиқ", ки дар қисмати марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст, маҳдуд шудааст.
Истисно танҳо барои:
кормандони намояндагиҳои дипломатии Қирғизистон ва Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо.
кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, инчунин шахсони мансабдори Қирғизистон ва Тоҷикистон пешакӣ бо тасдиқи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қирғизистон.
Шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд, метавонанд ба Қирғизистон баргарданд ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон ҳастанд, метавонанд озими Тоҷикистон шаванд.
Ёдовар мешавем, маҳдудиятҳо барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳанӯз соли 2020 мувофиқи фармони ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон аз 17 марти соли 2020 вобаста ба вазъи эпидемиологӣ ҷорӣ карда шуда буданд.
Аммо бо сабаби беҳ шудани вазъи эпидемиологӣ то муноқишаи марзӣ барои ҳаракати нақлиёт ва ҳамчун барои Русия рафтану омадани тоҷикон аз ин қаламрав монеае набуд.
Аммо замони таниш дар марз ба хотири таъмини амнияти мардум Қирғизистон рӯзи 29 апрел марзҳояшро баста буд, вале баъдтар ба равуои мардум иҷоза дода мешуд.
Улуғбек Марипов, раиси кабинаи вазирони ин кишвар дар суҳбат бо сокинони деҳаи Чон Алайи вилояти Уш таъкид намудааст, ки феълан барои Қирғизистон масъалаи марз аз муҳимтарин мебошад ва кишвараш ба мустаҳкамсозии ҳифзи марз пардохтааст.
"То ҳалли масоили баҳсӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ карда шуданд", - иттилоъ дод Марипов.
Ҷониби Тоҷикистон бошад ҳоло марзбандии Қирғизистонро расман шарҳ надодааст.
Муносиботи Душанбею Бишкек бар асари ҳаводиси ахири марзӣ, ки 29 апрел сар зад, сард шуд.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.