ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Садамае дар Санкт - Петербург бо куштори яке аз иштирокчиёни садама хотима ёфт, хабар медиҳад расонаҳои маҳаллӣ.
Тибқи гузориши "Невские Новости", садамаи нақлиётӣ бо таксӣ ва як мошини хориҷӣ рӯзи 22 май тахминан соати 18:00 дар чорроҳаи Криленко ва Проспекти Далневосточний рух додааст.
Ҳангоме, ки ронандагон мунтазири омадани кормандони БДА будаанд, байни онҳо муноқиша сар зад.
Дар ин муноқиша тоҷик кордро бароварда, ба сокини Санкт-Петербург зад. Ҷабрдида бо захм дар минтақаи қалб дар беморхона бистарӣ шуд, аммо табибон ӯро наҷот дода натавонистанд ва ӯ дар беморхона ба ҳалокат расид.
Муфаттишон алайҳи ҳамлагар парвандаи ҷиноӣ боз карданд; вай дар ҷараёни тафтишот дар маҳкама қарор дорад.
.Масъалаи оғози парвандаи ҷиноӣ бо моддаи "Одамкушӣ" алайҳи тоҷикистонӣ баррасӣ мешавад.