ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Муҳаммад Наим Урдук, сухангуи дафтари сиёсии "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Қатар ахиран эълом кард, аъзои ин гурӯҳ дастур гирифтаанд, ки аз рӯзи аввал то рӯзи сеюми Иди Фитр ҳамалоташонро зидди нерӯҳои давлатии Афғонистон мутаваққиф кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
"Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар ҳоле оташбаси серӯза эълом кард, ки ин гурӯҳ дар моҳи Рамазон ба рағми дархостҳои давлати Афғонистон барои барқарории оташбас, ҷангу ҳамла ба манотиқи мухталифи ин кишварро шиддат додааст.
Бар асоси омори Вазорати кишвари Афғонистон, дастикам 100 ғайринизомии афғон дар ҳамалоти як моҳи ахири "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) кушта шудаанд.
Давлати Афғонистон ҳамчунин ин гуруҳро масъули ҷинояти рӯзи шанбе дар ғарби Кобул медонад, ки дар он 63 нафар, ки бештар донишомӯзони як мадрасаи духтарона буданд, кушта ва 150 тан захмӣ шуданд.