ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ки мардуми кишвар ҳамчунон дар сӯги шуҳадои ин ҳодиса ба сар мебаранд ва дар тамоми дастгоҳҳои иҷроӣ барои қурбониёни ин ҳамла маросими фотиҳахонӣ баргузор хоҳад шуд.
Рӯзи шанбе бар асари инфиҷори террористӣ муқобили мадрасаи духтаронаи Сайид-уш-Шуҳадо дар ғарби Кобул 85 тан кушта ва беш аз 150 нафар захмӣ шуданд.
Ҳодисаи террористии мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадо дуруст дар остонаи хуруҷи Амрико аз Афғонистон сурат мегирад.
Ёдрас мешавем, ки ахиран гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Афғонистон барои се рӯз оташбас эълом кард.
Муҳаммад Наим Урдук, сухангуи дафтари сиёсии Толибон (мамнӯъ дар Русия) дар Қатар ахиран эълом кард, аъзои ин гурӯҳ дастур гирифтаанд, ки аз рӯзи аввал то рӯзи сеюми Иди Фитр ҳамалоташонро зидди нерӯҳои давлатии Афғонистон мутаваққиф кунанд.
Давлати Афғонистон ҳамчунин Толибонро масъули ҷинояти рӯзи шанбе дар ғарби Кобул медонад, ки дар он 85 нафар, ки бештар донишомӯзони як мадрасаи духтарона буданд, кушта ва 150 тан захмӣ шуданд.