Башор Асад гурӯҳе аз зиндониёнро авф кард: киҳоро?

Президенти Сурия Башор Асад фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он қисме аз маҳкумшудагон аз адои ҷазо озод мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Президенти Сурия Башор Асад фармон дар бораи авфи умумӣ дар кишварро барои ҷиноятҳои то 2 майи соли равон содиршуда имзо кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раҳбари Сурия рӯзи якшанбе.
Тибқи ин фармон, онҳое, ки барои ҷиноятҳо, аз қабили ришваситонӣ, тақаллуби ҳуҷҷатҳои расмӣ, фурӯши маводи мухаддир маҳкум шудаанд, инчунин ҷинояткорони ноболиғ таҳти афв қарор мегиранд.
Даҳ сол пас аз ҷанг - наворҳои Ҳумси харобшуда дар Сурия
Ҳамчунин, фармон сабук кардани ҷазоро дар баъзе ҳолатҳо дар назар дорад.
Масалан, ҳукми қатл ба ҳабси абад иваз карда мешавад ва онҳое ҳам, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, адои ҷазояшон то 20 сол кам карда мешавад.
Қайд карда мешавад, ки афв ба онҳое, ки барои қочоқи силоҳ, хиёнат, ҷосусӣ ва терроризм, ки боиси талафоти одамон шудааст, роҳандозӣ намешавад.
Чаро кӯдакону занони тоҷик тайи чор сол аз Сурия бар гашта наметавонанд?
Тибқи ин фармон, онҳое, ки аз адолат пинҳон шудаанд, инчунин метавонанд дар сурати таслим шудан ба мақомот ба афв умед банданд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи март, Асад фармон дар бораи авфи сарбозони фирориро имзо карда буд.