ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Созиш дар бораи ташкили гуруҳои муштараки пайроҳадории маъмурини милиса дар мулоқоти муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Нозим Иброҳимзода бо ҳамтои қирғизаш Суюнбек Омурзоқов ҳосил шудааст. Мулоқот дар деҳаи Интернационали ноҳияи Лейлеки вилояти Бодканд баргузор шуд, хабар дод ВКД Қирғизистон.
Таъкид шудааст, ки гуруҳҳои муштараки посбонӣ - пайроҳадорӣ дар минтақаи низои марзӣ хидмат хоҳанд бурд.
"Масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар деҳоти минтақаи Лейлек, барқарор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар деҳаҳои наздисарҳадӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун, ҳифзи якҷояи тартиботи ҷамъиятӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар сатҳи давлатӣ баррасӣ шуданд", - омадааст дар иттилоияи мақомоти дохилии Қирғизистон.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳарчи зудтар суботро барқарор кунанду ба тирандозиҳо хотима бахшида, амнияти шаҳрвандонро якҷоя таъмин созанд.
Зикр шудааст, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи марзӣ таҳти назорати бевоситаи муовинони вазирон қарор хоҳад дошт.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб беш аз 40 нафар ба ҳалокат расиданд.
Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.