Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Нигаронии сиёсатшиноси тоҷик аз афкори ҷомеа ва даъват ба сулҳ: "бадбинӣ манфиат надорад"

Сиёсатмадори тоҷик аз мардум даъват кард, ки имкон диҳанд, то комиссияи босалоҳияти Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзиро бо дарназардошти манофеи ҳарду тараф ҳаллу фасл намоянд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Фирӯзи Рамазон, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон даргириҳо дар марзро шарҳ дода аз мардум даъват кард, ки аз ҷангу ҷидол даст кашида ва роҳи ҳалии осоиштаро пеша кунанд.
Сиёсатшинос дар изҳороте, ки дар саҳифааш дар фейсбук нашр кардааст мегӯяд, масъалаи баҳси сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзҳои охир доғи рӯз гаштааст ва афкори ҷомеа, хусусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронкунанда буда, ба бадбинии миллӣ аз ҳар ду ҷониб оварда расондааст.
Ӯ мегӯяд бояд дар хотир дошт, ки бадбинӣ ва эҳсосот ҳеҷ гоҳ ба манфиати кор нест.
"Имрӯз барои ҳар фарди бонангу номуси тоҷик фарз аст, ки дар ҳимоя аз марзу буми Ватани аҷдодӣ камари ҳиммат бандад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки бадбинӣ ва эҳсосот ҳеҷ гоҳ ба манфиати кор нахоҳад буд. Нангу номус ва ғурури миллӣ болотар аз эҳсосот буда, қодир аст ҳар бадбахтиро ба хушбахтӣ табдил диҳад".
Фирӯзи Рамазон
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон
Фирӯзи Рамазон мегӯяд, имрӯз ғурури миллӣ ва ватандории тоҷикон пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки мавқеъи расмии давлати худро ҳимоя кунанд ва сиёсати президентро дар дилхоҳ мавзуъ, хусусан, масъалаи Ворух ҷонибдорӣ кунанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Суҳбати Раҳмон бо Ҷабборов: президенти Қирғизистон ба Душанбе меояд
Сиёсатшинос аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ёдовар шуда, гуфтааст, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд".
Рафтем, ба хона: ду навраси қирғиз дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд
Фирӯзи рамазон изҳори умедворӣ кардааст, ки ин масъала ҳалли одилонаи худро меёбад ва ду миллати бо ҳам дӯсту бародар минбаъд низ дар муҳити суботу оромӣ, ки дар тӯли таърих доштаанд, умр ба сар хоҳанд бурд.

Вазъ дар марз

Вазъ дар марзро баъди ду рӯзи бесарусомонӣ феълан манбаъҳо ором арзёбӣ мекунанд. Ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбас санад имзо карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки техникаву нерӯро аз марз бозпас гиранд ва роҳҳро кушоянд.
Ҷангро оғоз кардан осон, аммо: муроҷиатномаи Ҷабборов ба мардум баъди суҳбат бо Раҳмон
Ёдрас мешавем, пештар, шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор карданд.
Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ бармегардонанд.