ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон аз захмӣ шудани 15 нафар дар тирандозӣ дар марз бо Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳама шаҳрвандони маҷрӯҳи Қирғизистон бояд ба беморхона интиқол дода шаванд.
Ғайр аз он, ба гуфтаи вазорат, ҳафт маҷрӯҳ аллакай дар беморхона бистарӣ шудаанд, ки вазъи ду нафари онҳо вазнин аст.
Ҳамзамон, тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ, дар ҳоли ҳозир ҳашт нафар ҷароҳатбардошта ҳастанд.
Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки соати 13:05 ба вақти маҳаллӣ нерӯҳои қирғиз дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная" аз болои дарёи Исфара ва деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара сӯи марзбонони тоҷик оташ кушоданд шаҳр.
Ба иттилоир мақомоти тоҷик ду захмиро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол додаанд.
Ёдовар мешавем, муноқиша рӯзи гузашта оғоз шуда то кунун идома дорад.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.