ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ҷабборов аз ҳама сокинони Қирғизистон, пеш аз ҳама нерӯҳои сиёсӣ ва расонаҳо даъват кардааст, ки ором бошанд, ва ба иғвоҳо дода нашаванд, душманӣ ва ихтилофотро барангезанд, иттилоъ додааст Sputnik Қирғизистон.
"Мо ҳамеша бо бародарони тоҷик забон меёбем ва ҳамаи масъалаҳоро дар сарзамини бостониамон танҳо бо назардошти манфиатҳои неки ҳамсоягӣ ва ризоият, ҳал хоҳем кард." – гуфт Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон.
Вай таъкид, ки ҳоло нафароне ҳастанд, ки кӯшиш мекунанд, муноқишаро аз дохил барангезанд.
"Ман аз тамоми нерӯҳои сиёсии дохилӣ даъват мекунам, ки дар чунин лаҳзаи барои кишвар душвор аз ин иқдом худдорӣ намоянд", - қайд кард Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.