Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Роҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон фавран ба марз рафт

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳалли вазъ дар марзро шахсан назорат хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Уларбек Шаршеев фавран ба вилояти Бодканд парвоз кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Шаршеев амалҳои нерӯҳои амниятиро дар қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ шахсан ҳамоҳанг хоҳад кард.
Тибқи иттилои КДАМ, вазъи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бо унсурҳои ташаннуҷ нисбатан мӯътадил аст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марз бо Қирғизистон - чӣ шуду чӣ мегузарад
Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон дар се деҳоти марзӣ бо Тоҷикистон ҳолати фавқулода ҷорӣ кард
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.