ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, рӯзи 28 апрел рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш соати 13:30 дақиқа дар ҳоле рух дод, ки ронандаи 21 - солаи худрави "Тайота-Королла", Сулаймонов Ҷамшед аз самти Бохтар ба шаҳри Душанбе равона буд.
Номбурда дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, таҳти идораи ронанда, Назаров Авазалии 31 - сола, сокини ноҳияи Шаҳритӯс бархӯрд.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи бархӯрди ду худрав, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, Абдусамадов Донои 32 - сола, Назаров Муҳиддини 63 - сола ва ҳамчунин ронандаи автомашинаи “Тайота-Королла”, Сулаймонов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Гуфта мешавад, ҳамаи ҷароҳатбардоштаҳоро фавран ба бемористон интиқол доданд, аммо мусофир Абдусамадов дар роҳ ба беморхона ҷон аз даст дод.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.