ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди волейбол миёни духтарони то 17-сола ба хотири чемпиони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ Вера Дуюнова аз 19 то 23 апрел дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Манбаъ таъкид намуд, ки дар мусобиқаи мазкур шаш даста – 4 даста аз Ӯзбекистон - “Олимп”, “Суғдиёна”, “Ҳумо” ва “Водӣ” ҳунарнамоӣ карданд. Дар баробари дастаҳои мизбон инчунин дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намудаанд.
Бозиҳои ин сабқат тибқи системаи даврӣ дар як давр сурат гирифтаанд.
Муҳиб Латипов, котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон, волейболбоздухтарони тоҷик 5 бозӣ анҷом доданд.
“Бо 4 пирӯзӣ ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карданд. Ҷои аввал насиби дастаи “Олимп” ва ҷои сеюм насиби дастаи “Ҳумо” аз Ӯзбекистон шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки мусобиқаро намояндагони Конфедератсияи волейболи Осиё назорат карданд.
Вера Дуюнова, ки волейболбози машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, дар ҳайати собиқ ИҶШС дар Бозиҳои олимпии Мехико-1968 ва Мюнхен-1972 иштирок карда, сазовори медали тилло гардидааст.
Дуюнова 11 апрели соли 1945 дар Краснодар таваллуд шуда, 2 марти 2012 дар Тошканд дунёро падрӯд гуфт. Ӯ то соли 1964 дар тими “Динамо” ва аз 1965 то 1975 дар тимҳои “Спартак” ва “Автомобилист”-и Тошканд ҳунарнамоӣ кардааст.
Ӯ дар ҳайати тими Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1968 – 1974 баромад намуда, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ – 1968, 1974, қаҳрамони ҷаҳон – 1970 ва барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон 1974 шудааст.