Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад

Коршиноси иқтисодӣ даъват кард, ки ба ҷаҳиши азими доллар омодагӣ бояд гирифт: он кай рух хоҳад дод?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Иқтисодшинос Дмитрий Голубовский дар мусоҳиба бо News.ru таъкид кард, ки қурби доллар дар чанд соли оянда метавонад ба 100 рубл расад.
Ба гуфтаи мутахассис, аллакай дар соли 2021 асъори амрикоӣ, тибқи пешгӯиҳои таҳлилгарон, дар ҳудуди аз 80 то 85 рубл тағйир хоҳад ёфт.
Коршиносон гуфтанд арзиши доллар дар охири сол чӣ гуна хоҳад буд
Голубовский таъкид кард, ки таварруми баланд ба рубл метавонад зарари ҷиддӣ расонад. Хатар барои пули миллӣ, ба гуфтаи иқтисодшинос, инчунин ташаннуҷи геополитикӣ мебошад, ки ахиран дар атрофи Русия мушоҳида шудааст. Бо вуҷуди ин, сустшавии онро дар ояндаи наздик набояд интизор шуд, қайд кард коршинос.
"Як намунаи оддӣ мавҷуд аст: агар таваррум дар иқтисоди шумо нисбат ба Амрико доимо баландтар бошад, асъоратон ба таври доимӣ арзон хоҳад шуд. Мисли қонуни ҳифзи энергия", - гуфт Голубовский.
Арзиши асъори амрикоӣ бо назардошти хусусиятҳои иқтисоди Русия афзоиш меёбад, гуфт коршинос.
Ғайр аз он, ӯ гуфт, ки мақомоти кишвар танҳо бо роҳи беқурбкунии рубл хароҷоти буҷетро метавонад ҷуброн кунад. Ҷамъоварии андоз аз содиркунандагон, ки бо асъори хориҷӣ фоида ба даст меоранд, низ кӯмак мекунад.

"Ҳарчи рубл арзонтар бошад, ҳамон қадар шумо аз "Норникел", "Роснефт", "Газпром" ва ғайра ҳамчун даромад аз андоз бештар ҷамъ меоред", - хулоса кард Голубовский.

Қаблан, иқтисоддонҳо пешгӯии долларро дар аввали тобистон пешбинӣ карда буданд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, пули Амрико то моҳи июн дар сатҳи 75-78 рубл хоҳад буд ва дар сатҳи баландтарин он метавонад марзи 80-ро рахна кунад.