Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Қирғизистон чор навъи нави коронавирус ошкор шуд

Дар Қирғизистон ҳоло коронавируси навъи русӣ, африқоӣ, ҳиндӣ ва бритонӣ ошкор шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Вазорати тандурустии Қирғизистон аз ошкор шудани чор навъи нави коронавирус дар кишвар хабар дод.
Хабаргузории Vesti.kg менависад, Қирғизистонро ҳоло вируси бритонӣ домангир кардааст.
Манбаъ меафзояд, барои таҳқиқи амиқи мавҷуд будани навъҳои нави коронавирус, ташхисҳои гуногуни гирифташуда ба лабораторияҳои Русия фиристода шуд.
15 мактаб дар Бишкек қарантин шуд: чанд омӯзгору хонанда мубталои COVID аст
Бар тибқи натоиҷе, ки озмоишгоҳҳои Русия дар ихтиёри ҳамтоёни қирғизи худ гузоштаанд, муайян шуд, ки дар Қирғизистон чор навъ нави коронавирус, аз ҷумла штамми бритонӣ, ҳиндӣ, африқоӣ ва русӣ мавҷуд аст.
Дар ҳамин ҳол, вазъи коронавирус дар Қирғизистон алъон нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Дар шаҳри Бишкек бинобар авҷ гирифтани маризӣ, дасти кам дари 15 макотиб ба рӯи толибилмон баста шуд ва ҳудуди 11 синф аз 14 мактаб ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуд.
Бар тибқи маълумоти ахир, феълан 45 хонандаи мактаб гирифтори коронавирус ҳастанд.