ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дари 15 макотиб дар Бишкек баста шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба Вазорати маориф.
Манбаъ меафзояд, ба иловаи баста шудани 15 мактаб, инчунин 11 синф аз 14 макотиб ба таълими фосилавӣ гузаронида шуданд.
Дар ин робита мудири шӯъбаи рушди маорифи Раёсати маориф Гулмира Акматова мегӯяд, то 21 апрел мубталошавии 45 хонанда ба коронавирус сабт гардидааст ва яке аз толибилмон гирифтори илтиҳоби шуш аст.
Зимнан, аз миёни омӯзгорон 24 нафар гирифтори COVID буда, 6 муаллим мубталои илтиҳоби шуш ҳастанд.
Гуфта мешавад, бо гузашти танҳо ду рӯз, 9 хонанда ва 5 омӯзгор дар Бишкек гирифтори коронавирус шуданд.
Намояндаи Вазорати маориф ёдовар шудааст, ки аз семоҳаи чорум хонандагони синфҳои 1, 2, 3, 4, 5, 9 ва 11 ба мактабҳо таҳсил мекунанд, вале синфҳои 6, 7, 8 ва 10 ба таҳсили фосилавӣ гирифта шуданд.
Манбаъ аз қавли волидон хабар медиҳад, ки 1607 нафар кӯдаконе, ки бояд дар мактаб таҳсил кунанд, дар хона таҳсил мекунанд.