Ноустувории бозори сӯхти Тоҷикистон: ронандаҳо бензини арзон мехоҳанду ширкатҳо имтиёз

Бо мақсади пешгирӣ аз болоравии нархи сӯзишворӣ мақомоти Тоҷикистон ба ширкати давлатии воридкунанадаи маводи сӯхт имтиёзҳо пешниҳод кардааст. Аммо коршиносон боварӣ доранд, ки имтиёзҳои пешниҳодшуда наметавонад пеши роҳи болоравии нархи сӯхтро бигирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Коронавирус дар соли 2020 ба рушди иқтисоди тамоми кишварҳо зарбаи сахт зад. Пандемия боиси баста шудани марзҳо, маҳдудият дар ҳамлу нақл, вайроншудани роҳҳои гардиши молу маҳсулот ва паст шудани сатҳи некӯаҳволии мардум шуд.
Миллионҳо оилаҳои тоҷик, ки аз интиқоли пули муҳоҷирон вобастагӣ доштанд, манбаи асосии даромади худро аз даст доданд, зеро муҳоҷирони меҳнатӣ натавонистанд ба Русия ва Қазоқистон барои кор бираванд.
Болоравии нархи сӯзишворӣ, ки аз баҳори соли гузашта авҷ гирифта буд вазъиятро боз ҳам мушкилтар кард. Болоравии нархи сӯзишворӣ ба таври автоматӣ ба нархҳои маҳсулот дар мағозаву бозорҳои Тоҷикистон таъсир мерасонад.
Тамоюли мазкур на танҳо ба молҳои хориҷӣ, ки воридоти онҳо ба ҷумҳурӣ мушкилтар шудааст, балки ба маҳсулоти ниёзи аввали Тоҷикистон низ рабт дорад.
Ҳамин тавр, аз аввали сол нархи картошка 29,4%, тухм - 5,0%, мева - 1,8%, шир ва маҳсулот аз он 1,4%, шакар - 1,3%, гӯшт - 1,1% боло рафт. Чунин тағйирот ба ҷайби шаҳрвандони оддӣ таъсии ҷиддӣ мерасонад, зеро музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ каме беш аз 1400 сомонӣ (120 доллар) ва маоши ҳадди ақалл 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил медиҳад.
10 сомонӣ барои як литр бензин: Тоҷикистон ба камбуди маводи сӯхт рӯбарӯ шуд
Хусусан ин вазъ барои ронандагон душвор аст: танҳо дар моҳи март нархи сӯзишворӣ 12% боло рафт. Агар дар аввали моҳ арзиши як литр бензин 7,2 сомониро ташкил медод, ҳоло бошад дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе арзиши он ба 8,8 сомонӣ ва дар баъзе минтақаҳо ҳатто то ба 9 сомонӣ расидааст.
Бодарназардошти ин вазъ баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар фурӯши сӯзишворӣ меъёр ҷорӣ карданд, қисми дигари НФС тасмим гирифтанд, маводи сӯхтро танҳо ба муштариёни доимии худ фурӯшанд.
Мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо чораҳои гуногун меандешанд, аммо коршиносон мегӯянд, ки дар ояндаи наздик ҷилавгирӣ аз болоравии нарх ғайриимкон аст.

Ноустувории бозори сӯзишворӣ

Ронандагон дар Тоҷикистон болоравии нархи бензинро хеле содда шарҳ медиҳанд. Ба ақидаи онҳо, ширкатҳое, ки ба вориди сӯзишворӣ машғуланд, бо якдигар маслиҳат карда нархҳоро боло мебаранд.
Аммо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд болоравии нархи сӯзишворӣ омилҳои объективӣ дорад.
“АИ – 92 нест”: бензин даҳҳо вагон ворид шуд, аммо арзон намешавад
Аз як сӯ, мушкили интиқоли гази моеъ аз Қазоқистон вуҷуд дорад, ки 90% ниёзи Тоҷикистонро ба гази моеъ таъмин мекунад. Дар ҳоли ҳозир, воридоти маводи сӯхт ба далели таъмири корхонаи полоиши нафти Атирау-и Қазоқистон коҳиш ёфтааст. Ҳоло маълум нест, ки кай ин корхона дубора ба кор шурӯъ хоҳад кард. Аммо ба назар мерасад, ки вазъ то охири моҳи апрел тағйир нахоҳад ёфт.
Аз сӯи дигар, коҳиши тавлиди бензин дар ду ширкати нафтии Ӯзбекистон низ ба назар мерасад, ки тайи чанд моҳи ахир ин корхонаҳо дар ҳаҷми 15% иқтидори худ фаъолият мекунанд.
Омили сеюм ин мушкилоти дар замони пандемия ворид намудани маводи сӯхт аз Русия мебошад, ки яке таъминкунандаи асосии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад (90%) .
Ҳамаи ин омилҳо ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд ва нархи онро дар бозор боло мебарад. Бояд гуфт, ки нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон танҳо бо сомонӣ тағйир ёфтааст, аммо агар мо онро бо доллар ҳисоб кунем, нарх бетағйир хоҳад монд. Ин маънеи онро дорад, ки даромади мардум коҳиш ёфта, пули миллӣ беқурб шудааст.
Гусев тавзеҳ дод, ки чаро Тоҷикистон бо камбуди бензин рӯбарӯ шудааст
Мақомот боварӣ доранд, ки дар Тоҷикистон сенарияи Қирғизистон такрор хоҳад шуд. Кишвари ҳамсоя сӯзишвориро аз Русия бидуни пардохти боҷ ворид мекунад, аммо ин пеши роҳи болоравии нархи сӯзишвориро гирифта натавонист. Танҳо дар моҳҳои феврал ва март нархи сӯзишворӣ дар ин кишвар то 14% боло рафт.

Нарх чигуна ташаккул меёбад

Бояд гуфт, ки нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз осмон гирифта намешавад, балки аз рӯи формулаҳои дерина, ҳисобу китоб мешавад. Ба он барасмиятдарории гумрукӣ, аксизҳо, хароҷоти логистикӣ, андозҳо ва ғайраҳо дохил мешавад.
Бино ба ҳисобу китоби яке аз ширкатҳои пешгоми ин бозор дар Тоҷикистон, дар ҳоли воридоти 3 ҳазору 500 тон бензини АИ-92 1 марти соли равон 1 тон бензин ба бозори кишвар ба қимати 550 доллар ворид шудааст. Агар килограм ба литр баргардонида шавад, дар чунин ҳол 3,5 ҳазор тон бензин ҳудуди 4,7 литр табдил ёфта, арзиши омории он 21 миллиону 759 ҳазору 238 сомонӣ хоҳад буд.
Барасмиятдарории гумрукии ин ҳаҷм бензин 37 ҳазору 50, арзиши аксиз – 2 миллиону 640 ҳазору 696, хароҷоти роҳи оҳан ва посбонҳо – 712 ҳазору 121 сомониро ташкил медиҳад, ки ҷамъи хароҷотро ба 25 миллиону 149 ҳазору 105 сомонӣ баробар мекунад.
Тавлиди маводи сӯхт дар Тоҷикистон зиёд шуд
Дар дохил фарқият аз ҳисоби қурби асъор (конвертатсия) 381 сомонӣ сари 1 тон аст, ки дар умум 1 миллиону 333 ҳазору 500 сомониро ташкил хоҳад дод ва хароҷотро ба 26 миллиону 482 ҳазору 605 сомонӣ хоҳад расонд. Баъд аз ин дигар хароҷоти муомилотӣ, ки 15% ҳисоб мешаванд, сари нарх нишаста, 3 миллиону 972 ҳазору 390,75 сомониро ташкил медиҳад ва ҷамъи умумии хароҷотро ба 30 миллиону 454 ҳазору 995,75 сомонӣ мерасонад.
Ширкат сатҳи даромаднокиии худро 5% муайян кардааст, ки 1 миллиону 370 ҳазору 474,81 сомонӣ хоҳад буд ва хароҷоти умумиро ба 31 миллиону 825 ҳазору 470,56 сомонӣ баробар карда, нархи фурӯши бензин бе андози арзиши илова (ААИ) 6 сомониву 82 дирамро ташкил хоҳад дод.
Андози арзиши илова дар ин ҳол дар ҳаҷми 1 сомониву 23 дирам сари ҳар литр менишинад ва нархи аслии фурӯши ҳар литр 8 -9 сомонӣ хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, нархи фурӯши бензин 6,82 сомониро ташкил медиҳад. Аммо андози арзиши илова низ сари ҳар литр менишинад, ки бинобар он нархи як литр сӯзишворӣ ба 8-9 сомонӣ мерасад.
Дар натиҷа, хариди сӯзишворӣ аз НФС-ҳои Тоҷикистон ба кисаҳои ронандагон таъсири сахт мерасонад. Ба ҳамин хотир мардум ва ронандагон фикр мекунанд, ки ширкатҳои нафтӣ ба истилоҳ “хуни мардум оддиро мемаканд”.
Бояд гуфт, ки барои худи ширкатҳои нафтӣ, гирифтани даромади паст аз тиҷорати даромаднок ғайр аз дарди сар дигар чизе нест.

Имтиёзҳои ғайричашмдошт

Қарори ҳукумат дар бораи додани имтиёзҳо ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба оташ равған рехт.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бо мақсади бештар самаранок истифода бурдани қарзи имтиёзнок аз Бонки исломии рушд (БИР) ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти маҳсулоти ниёзи аввал имтиёз дода шуд.
Дархости воридкунандагони сӯзишворӣ аз Эмомалӣ Раҳмон: ба мо ҳам имтиёз диҳед
Тағйирот ба Буҷети давлатии соли 2021 дар бораи аз пардохти боҷи гумрукӣ, аксиз ва ААИ озод кардани ин корхонаи воридкунандаи маҳсулот 31 марти ҳамин сол аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, Агентӣ бо БИР созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба савдо ба имзо расонидааст, ки дар он барои воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, инчунин, гандуму шакар, биринҷ ва ғайра додани қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.
Дар бораи ҳаҷми қарзе, ки дар доираи ин қарордод пешниҳод мегардад, маълумот дода нашудааст. Ҳамчунин саҳеҳ нест, ки Агентӣ имтиёзро танҳо дар доираи қарзи БИР мегирад ё тағйирот инчунин ба маҳсулоти аз ҷониби маблағи худи Агенти воридшуда низ дахл дорад ё не.

Ба мо ҳам имтиёз диҳед

Пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ба Агентии давлатӣ боиси нигаронии воридкунандагони маводи сӯхт дар Тоҷикистон шудааст. Пас аз чанд рӯз, Ассотсиатсияи “Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ”-и Тоҷикистон ба унвонии раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон номаи кушод навиштанд.
Зери ин мактубе, ки нусхааш дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, директори Ассотсиатсия Ёраҳмад Бегаҳмадов, инчунин роҳбарони 18 ширкати воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ имзо гузоштаанд.
Болоравии нарх дар бозори нафт: то кай ин ҷараён идома меёбад
Таъкид мешавад, ки бо вуҷуди болоравии нархи чаканаи маводи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ, фоидаи софи ширкатҳо бар асари беқурбшавии назарраси сомонӣ дар сатҳи соли пешин 5 дарсад боқӣ мемонад.
“Ҳиссаи воридоти аъзои Асссотсиатсия дар ҳаҷми умумии воридоти маводи сӯзишворӣ 80 дарсадро ташкил дода, ҳамасола онҳо ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ андоз пардохт мекунанд”, - таъкид шудааст дар номае, ки нусхааш дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон ҳаст.
Муаллифони мактуб таъкид мекунанд, ки имтиёзҳои ба корхонаи воридкунандаи давлатӣ додашуда хароҷоти онро оид ба воридоти маводи сӯзишворӣ ба таври назаррас кам мекунад, аз ин рӯ, дархост мешавад, ки ба онҳо низ чунин сабукиҳо дода шавад.
“Дар сурати баръакс, аъзои Ассосиатсия бо сабаби фарқият дар нархгузорӣ рақобатпазир буда наметавонанд ва ба тарки бозор маҷбур мешаванд”, - зикр кардаанд аъзоёни Ассосиатсия.
Роҳбарони ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ инчунин "сабабҳои объективӣ"-и якбора боло рафтани нархи сӯзишвориро дар ҷумҳурӣ номбар мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо, арзиш пеш аз ҳама аз нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад. Бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ ва ҳангоми пандемия коҳиш ёфтани захираҳои нафтӣ дар ҷаҳон, талабот ба тиллои сиёҳ оҳиста оҳиста барқарор мешавад. Дар семоҳаи аввали соли равон, нархи нафт тақрибан 20 дарсад боло рафт ва дар ҳафтаи аввали моҳи марти соли равон арзиши як бушка нафт 71 долларро ташкил дод.
Инчунин, вазъ дар бахши энержии Тоҷикистон аз камбуди воридоти сӯзишворӣ аз Қазоқистон ва беқурбшавии пули миллӣ низ вобастагӣ дорад, мегӯянд онҳо.
Маҳз ба ҳимин хотир арзиши бензини навъи АИ-92 дар ин давра аз 7,45 сомонӣ то 8,50 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ - аз 8,10 то ба 8,70 сомонӣ боло рафт.

Тарки бозор: таҳдид ё ҳақиқат аст?

Ширкатҳое, ки сӯзишворӣ ворид мекунанд, бозорро тарк нахоҳанд кард, мутмаин аст, коршиноси масоили иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев. Ба гуфтаи вай, ягона роҳи пешгирӣ аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ин мувақаттан озод намудани ширкатҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо аст.
“Аммо ба назар мерасад, ки мақомот ба ин розӣ намешаванд, зеро андозбандии сӯзишворӣ дар сохтори даромади буҷаи кишвар саҳми назаррас дорад, алахусус дар шароити имрӯза тақрибан 70% даромади буҷа аз ҳисоби андозҳо ташаккул меёбад", - гуфт Чоршанбиев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Коршинос таъкид кард, ки сабаби асосии болоравии нархи бензин ин беқурбшавии пули миллӣ аст.
“Барои мисол агар мо нархи бензини АИ-92-ро бо сомони ҳисоб кунем болоравии нарх намоён аст, аммо агар онро ба доллар гардонем ва ҳисоб кунем мебинем, ки арзиши сӯзишворӣ тақрибан тағйире наёфтааст”, - шарҳ дод коршинос.
Корхонаи полоиши нафт ҳаст аммо нафт нест: оё Тоҷикистон ба Техаси дувум табдил меёбад?
Таҳлилгари дигари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилён бар он аст, ки мушкилотро метавон танҳо бо роҳи зиёд кардани истеҳсоли маводи сӯхт дар дохили кишвар ҳал кард.

“Дар Данғара бузургтарин корхонаи полоиши нафт сохта шуд, ки ба сабаби норасоии нафт фаъолият намекунад. Инчунин дар қаламрави Тоҷикистон чандин корхонаҳои хурди полоиши нафт низ мавҷуд аст. Аксарияти ин корхонаҳо бо иқтидори комил кор намекунад. Бояд нафти арзон харид ва онро дар дохили кишвар полоиш кард. Ин ягона роҳи арзон кардани нархи сӯзишворӣ дар кишвар аст”

Зулфиқор Исмоилён
Коршиноси масоили иқтисодӣ
Вай илова кард, ки дар ин сурат, зарурати додани имтиёз ба ширкатҳои варидкунандаи сӯзишворӣ аз байн меравад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли гузашта ҳудуди 584 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст, ки ҳиссаи асосӣ (532 ҳазор тонна) он аз Русия аст. Аммо, ин натавонист аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар НФС-ҳои ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ кунад.
Коршиносон аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунанд, ки вазъи бозори сӯзишвориро фавран ба эътидол дароранд. Дар акси ҳол, боло рафтани қимати сӯзишворӣ қабл аз ҳама дар низоми нақлиётӣ ва кишоварзӣ мушкили зиёд эҷод мекунад, ки ин вазъ мӯҷиби боло рафтани нархи дигар маҳсулоти ниёз аввал ва хизматрасониҳо хоҳад шуд. Дар чунин ҳол сатҳи таъсир ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум низ қобили тасаввур нахоҳад буд.