ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ахиран дар дидор бо Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико дар Кобул, зимни истиқбол аз эъломи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон гуфт, ки давлати Кобул талош хоҳад кард, ки дар раванди хурӯҷи ин низомиён ҳамкории лозимро анҷом диҳад.
Тибқи иттилои сомонаи “Парстудей” Муҳаммад Ашрафғанӣ ҳамчунин таъкид кард, ки мардуми ин кишвар пуштибони нерӯҳои амниятӣ ва дифоии худ ҳастанд .
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳам дар дидори вазири хориҷаи Амрико аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз кишвараш истиқбол кард.
Ҷо Байден, раисҷумҳӯри Амрико ахиран дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки раванди хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон дар аввали моҳи май оғоз мешавад ва то 11 сентябри соли ҷорӣ дар бистумин солгарди ҳузури Амрико низ ба таври комил аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон гуфт, тасмими Амрико барои таъхир дар раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то моҳи сентябр, раванди сулҳ дар ин кишварро душвор мекунад.
Замир Кобулов, ахиран ҳамчунин эълом кард, ки тасмими давлати Амрико барои хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар 11 сентябр, нақзи тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) аст.
Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико пештар эълом карда буд, ки барои давлати ин кишвар хориҷсозии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то аввали моҳи майи 2021 душвор хоҳад буд, аммо Вашингтон ҳеч қасде барои боқӣ гузоштани нерӯҳо дар Афғонистон то соли оянда надорад.
Бар асоси тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) дар феврали соли 2020 дар Доҳаи Қатар, Амрико бояд нерӯҳои худро то аввали моҳи майи 2021 аз Афғонистон хориҷ кунад.
Гурӯҳи "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон маннуъ) ба давлати Байден дар мавриди иҷро накардани тавофуқномаи сулҳ барои хуруҷи тамоми нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон дар аввали моҳи майи 2021 ҳушдор додааст.